Шакли дархост
барои қарзи КЛИМАДАПТ-ро
дар яке аз бонкҳои зерин пур кунед:
Ба сомонаи мо www.climadapt.tj ташриф
оваред ва номгӯи технологияҳои пешакӣ
тасдиқшударо дар Интихобгари Технология
аз назар гузаронед.
Таҷҳизоти барои шумо зарурӣ, таҳвилгар ва
насбгари тавсияшударо интихоб намоед.
Ёрии техникӣ ва машварати мустақил ба
таври ройгон бо мақсади мусоидат ба
сармоягузорӣ ба технологияҳои босифат
ва дарёфти ҳалли муносиб барои шумо
пешкаш мегардад.
Шакли дархост:
Барои маълумоти бештар аз сомонаи
мо дидан кунед www.climadapt.tj
ё бо мо тариқи телефон тамос гиред:
+992 372213789
Дафтари лоиҳаи КЛИМАДАПТ
кӯчаи Истаравшан 19, Душанбе
734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон
+992 372213789
info@climadapt.tj
www.climadapt.tj
Маблағгузорӣ
мешавад:
Дастгирӣ
мешавад:
Воситаи маблағгузорӣ барои
тобоварӣ ба тағйирёбии иқлим
дар Тоҷикистон
Қарзҳо ба кишоварзон барои такмили
идоракунии замин ва истифодаи
самараноки об ва энергия
www.climadapt.tj
Бахши кишоварзӣ
Бонк ба шумо дар пур кардани шакли
дархост ва интихоби технологияҳо,
таҳвилгарон ва насбгарони тасдиқшуда
кӯмак мерасонад.
Агар шумо технологияи дигареро бартар
донед, ки он дар номгӯи тасдиқшудаи мо
қайд нашуда бошад, бо ҳайати КЛИМАДАПТ
тамос гиред ва мо ин технологияро арзёбӣ
хоҳем кард.
Қадамҳои навбатӣ:
(44) 600 0 600
(44) 640 55 44
(92) 771 11 22
Лоиҳаҳо
бояд ба муқаррароти дахлдори
қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут
ба муҳити зист, масъалаҳои иҷтимоӣ,
тандурустӣ ва бехатарӣ мутобиқат кунанд.
Лоиҳаҳои маъмулӣ метавонанд
соҳаҳои зеринро дар бар гиранд:
Системаҳои беҳтари назорати об.
Идоракунии беҳтари замин.
Сифат ва идорашавандагии беҳтар.
Рақобатпазирии баланд.
Технология ва таҷҳизоти муосир, ки боиси
иқтидори баланди маҳсулнокӣ мегарданд.
Арзиши бештари хоҷагии деҳқонӣ.
Биноҳои такмилёфтаи хоҷагӣ тавассути
гармкунонии бино ва насби таҷҳизоти
замонавии истифодаи самараноки энергия.
Хароҷоти камтар.
Қарзҳои КЛИМАДАПТ барои бахши
кишоварзӣ ба сомонӣ пешкаш мегарданд:
Ба миқдори баробар ба 500 то 300,000
доллари ИМА барои технологияҳои пешакӣ
тасдиқшуда.
Ба миқдори баробар ба 1,000 то 1,000,000
доллари ИМА барои технологияҳои
тасдиқшуда ва дар марҳилаи
коркард қарордошта, ки бояд
аз Арзёбии тобоварӣ ба
тағйироти иқлим гузаранд.
Қарзҳо танҳо барои харидорӣ ва насби
технологияҳо ва таҷҳизоте, ки аз тарафи
ҳайати кормандони КЛИМАДАПТ арзёбӣ ва
тасдиқ карда шудаанд дода мешаванд.
Манфиатҳо
Лоиҳаҳои ҷоиз
Кишоварзон.
Корхонаҳои шахсие, ки дар бахши
кишоварзӣ ба қайд гирифта шудаанд ва дар
ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият
мекунанд.
Корхонаҳое, ки то 249 нафар корманд
доранд.
Корхонаҳое, ки дорои дахлу харҷи солонаи
ҳадди аксар / мувозинати маҷмӯи то
50,000,000 евро мебошанд.
Кӣ метавонад барои гирифтани
қарз дархост диҳад?
www.climadapt.tj
Насби системаҳои обёрӣ ва назорати
обёрӣ.
Ташкили боғҳо ва ниҳолхонаҳо.
Рушди технологияи коркарди минималӣ
ё сифрии замин.
Истифодаи биомасса барои системаҳои
гармдиҳӣ дар гармхонаҳо ва хоҷагиҳои
чорводорӣ.
Таъмири қубурҳои об, обкашакҳо (насосҳо),
ҷуммакҳо ва лӯлаҳои об ва системаҳои
тақсимкунии об дар биноҳои хоҷагиҳои
деҳқонӣ.
Насби системаи истифодаи такрории пасоб.
Насби системаи ҷамъоварии оби борон.
Татбиқи чораҳои камкунии истифодаи
энергия тавассути гармкунонии биноҳо,
иваз намудани тирезаҳо, дарҳо, системаҳои
гармдиҳӣ ва таъминоти барқ.